То 1 феврали соли ҷорӣ 79,7%-и аҳолии Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла то 1 феврал 4 млн 594 ҳазору 703  нафар (79,7%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, айни замон шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 17 ҳазору 326 нафарро ташкил дода, теъдоди шифоёфтагон ба 17 ҳазору 157 нафар (99%) баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.