То 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, инчунин то санаи зикргардида 4 млн 900 ҳазору 199 нафар (87,5%) шаҳрвандони мамлакат аз вояи дуюм ва 1 млн 89 ҳазору 922 нафар (19,5%) аз вояи сеюми ваксина эм гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.
Тибқи маълумоти сомонаи covidtj, ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар аз 18 феврал ба қайд гирифта нашудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон - 17 ҳазору 264 нафарро ташкил медиҳад.
Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.