Шурӯъ, аз 12 апрели соли равон, дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №15 (Маҳаллаи 103-юм - шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора ба “Азия - Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар оянда бо зиёд шудани миқдори автобусҳо хатсайри микроавтобусии №15 бардошта мешавад. Ҳоло маълум нест, ки баъди ба истифода додани чанд автобус хатсайри микроавтобуси №15 бардошта мешавад.

Ба иттилои шаҳрдорӣ,  автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и  маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат менамояд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои муосири тамғаи “KING LONG” тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба маълумоти КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ҳамарӯза дар Душанбе зиёда аз 3 ҳазору 600 адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хидматрасонӣ мекунанд: 365 автобус дар 27 хатсайр, 80 троллейбус дар 9 хатсайр, 1 ҳазору 50 микроавтобус (маршрутка) дар 47 хатсайр ва 2 ҳазору 200 такси.

Бо вуҷуди ин, сокинони пойтахт бисёр вақт аз норасоӣ ва риоя нашудани реҷаи корӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ арзу шикоят мекунанд. Мақомот изҳор мекунанд, ки айни замон шумори нақлиёти ҷамъиятӣ комилан кофист ва ба талаботи байнулмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, риоя нашудани реҷаи кор ба ҳолатҳои танбашавӣ дар роҳҳои шаҳр вобаста мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.