Саховат - яке аз бозорҳои бузурги маҳсулоти хӯрокворӣ имрӯзҳо серодам аст. Сокиноне, ки имкон доранд, аз ҳозир ба харидани гӯшту орд, конфету шириниҳо шурӯъ намуданд. Мегӯянд, ҳарчи тезтар бихарӣ, ҳамон қадр хубтару беҳтар аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, бо наздикшавии рӯзи ид ва зиёд шудани талошҳову ташвишҳои мардум тоҷирон нархи маҳсулоташонро боло мебаранд.

Ҷӯрахон Валиев, масъули нархҳо дар бозор изҳор мекунад, ки онҳо имрӯз назоратро беҳтар карда, тоҷиронро нахоҳанд гузошт, ки худсарона нархро баланд кунанд.

Дар ярмаракаи берун аз ҳудуди қисмати болопӯши бозор маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия арзонтар фурӯхта мешавад. Дар дохили бозор бошад, қимат, масалан, 1 кило гӯшт 55-63 сомонӣ, халтаи орд - 290-325 сомонӣ, 1 литр равған - 22-25 сомонӣ.

Ҳамасола сокинони кишвар аз болоравии нархҳо дар остонаи идҳо шикоят мекунанд. Мегӯянд, бинобар якбора қиматшавии маҳсулот дастархонаи идонаро мувофиқи табъ ороста наметавонанд. Масъулин ё соҳибкорон сабаби инро ба болоравии қурби доллару камбуди маҳсулот рабт медиҳанд ё аслан болоравии нархро рад мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.