64 сол пеш, 22 июни соли 1958 дар Душанбе чойхонаи “Роҳат” ба кор оғоз намуд, ки дере нагузашта ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинони шаҳр ва иншооти муаррифгари пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Вале имруз ба чойхона нигариста, кас андуҳгин мешавад, шахсро ҳиссиёте фаро мегирад, ки он хишт бо хишт тахриб мешавад.

Чанде пеш бинои шафати чойхона - тарабхонаи “Роҳат” тахриб шуд, ки дар паҳлӯи чойхона хеле дертар пайдо шуда буд.

Ҳоло дар ҷои тарабхона чуқурии калоне дида мешавад. Кормандон мегӯянд, толори зиёфати чойхона низ соли оянда метавонад тахриб шавад. Дар бораи бинои асосии чойхонаи «Роҳат» ҳоло чизе маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар Раёсати сохтмони Кумитаи сохтмон ва меъморӣ  ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад.

1/33

Масъалаи тахриби чойхонаи “Роҳат” чандин сол аст, ки мавриди баҳси ҷомеа қарор дошта, ба мисли дигар биноҳои қадимаи маркази шаҳр пурсарусадо ҷараён дорад, зеро аксарият чойхонаи “Роҳат”-ро яке аз рамзҳои Душанбе медонанд.

Тахриби бинои паҳлӯи чойхонаи “Роҳат” ё ба эҳтимоли зиёд тахриби худи чойхонаи Роҳат дар ҳолест, ки дар гузашта тасмими тахриби он аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон карда буд ва онҳо барои нигоҳ доштани он талоши зиёде ҳам карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин чойхона арзиши таърихӣ дорад ва он бояд барои ояндагон ҳифз карда шавад. Онҳо мегуфтанд, ки деворҳои нақшину кандакоришуда, гулдухтарони атласпӯш, оҳанги наю дутор ва ғизоҳои болаззати миллӣ чойхонаи "Роҳат”-ро давоми даҳсолаҳо ба симои фарҳангии Тоҷикистон табдил додааст.

Чойхонаи "Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чанд сол пеш  ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон "Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.