Маркази таълимии “Илмхона” ба дафтари кории нав кӯчид. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони ҳукумат, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ блогерҳо, донишҷӯён ва хатмкардагони “Илмхона”иштирок карданд.

Дар байни меҳмонон намояндаи Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия - TIKA низ ҳузур дошт. Ин Агентӣ ба марказ дар ифтитоҳи дафтари корӣ, аз ҷумла таъмин бо мебелу компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ кумак кард.

“Илмхона” маркази таълимиест, ки дар он бо толибилмон машғулиятҳо оид ба барномасозиву тарроҳӣ доир гардида, инчунин барои рушди ҷоеаи технологӣ чорабиниҳо ташкил карда мешаванд. Ҳадафи марказ - омода кардани шахсони боистеъдод ба кор аст.

Маркази мазкурро беш аз 400 донишҷӯ хатм кардаанд. Ҳамарӯза зиёда аз 60 нафар ба машғулиятҳо меоянд. Имрӯз хатмкардагони “Илмхона” бо ихтисосҳои гуногун машғули коранд ё таҳсилро дар макотиби олии бонуфузи хориҷи кишвар идома медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.