Ба ҳолати аввали июли соли 2022 маоши миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 1645 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 154 сомонӣ ва нишондиҳандаи аввали соли ҷорӣ 106,5 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бораи имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Нимсолаи аввали соли 2021 маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ 1493,4 ва минималӣ (ҳадди ақал) - 400 сомониро ташкил дода буд.

Маоши миёнаи баландтарин дар шаҳри Душанбе - 2 ҳазору 402 сомонӣ сабт шуда, дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда ба 1548, ВМКБ - 1487, Ноҳияҳои тобеи марказ - 1338 ва вилояти Хатлон - ба 1218 сомонӣ баробар аст.

Маоши нисбатан баландро дар Тоҷикистон кормандони созмону намояндагиҳои хориҷӣ мегиранд, ки маоши миёнаи номиналии онҳо 11 ҳазору 361 сомониро ташкил медиҳад.

Кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта ба ҳисоби миёна 4592 сомонӣ, кормандони соҳаи хидматрасонӣ - 4326, кормандони соҳаи алоқа - 3478, бахши энергетика - 3057, саноати истихроҷи кӯҳӣ - 3020, сохтмон - 2489, саноати коркард - 2354, нақлиёт - 2336, хизматчиёни давлатӣ - 1376, фарҳанг - 1370, маориф - 1259, тандурустӣ - 1030, бахши кишоварзӣ - 637 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Вазири меҳнат ҳамчунин зикр кард, ки аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳангу, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ низ боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз 1 июл то 600 сомонӣ (57 доллар) боло меравад. То ин дам ҳаҷми он 400 сомонӣ (38 доллар)-ро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.