Моҳи август дар Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузаштаи тобистон салқинтар шуда, нимаи дуюми моҳ боридани боронҳо дар назар аст.

Тавре ки аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ҳарорати миёна дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда дар сатҳи аз 17 то 31 ва дар минтақаҳои кӯҳистон - то 25 дараҷа гарм қарор хоҳад дошт.

“Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин вилояти Хатлон дар ин моҳ ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Меъёри моҳонаи боришот (меъёр: дар водиҳо 0,5-5 мм, дар доманакӯҳ - 6-21 мм) поинтар пешбинӣ мешавад”, - гуфтанд обуҳавошиносон.

Дар ҳамин ҳол, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар нимаи дуюми моҳ имконпазир аст.

“Дар баъзе рӯзҳо дар назар аст, ки шамол аз самти ғарб то 17-22 м/с афзоиш ёфта, тӯфони чангу туман дар назар аст”, - зикр кард манбаъ.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчунин зикр карданд, ки чунин обуҳаво дар моҳи охири тобистон 6 сол пеш ба мушоҳида расида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.