Дар шаҳри Куала-Лумпур рӯзи 28-уми октябр бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок карданд.

Сурат аз сомонаи ВКХ ҶТ

Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия маърӯза намуда, таъкид кард, ки ин аввалин Фестивали синамои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли суханронӣ намуд.

1/6

Дар баробари ин дар чорабинӣ асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.