Тоҷикистонро барф фаро гирифт. Кӯчаву хона, мошину майдончаҳо, дарахтон - ҳама барфпӯш аст ва тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, барф зиёда аз 1 рӯз рӯи замин меистад. Чунин барф дар кишвари мо (ба истиснои мавзеи кӯҳистон) хеле кам иттифоқ меафтад, аз ин рӯ, сарфи назар аз баъзе мушкилоте, ки сокинони кишвар ба онҳо дучор шуданд, аксаран мардум аз барф хушҳоланд.

Мо аз манзараҳои барфпӯши Тоҷикистон якчанд сурат гирдоварӣ намудем. Ба ҷуз суратҳои худамон, аз аксҳои зебои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода бурдем.

1/10

Имрӯзҳо дар боғҳои пойтахт зимистони ҳақиқӣ ҳукмфармо аст.

1/6

Дар навбати аввал, майдони “Истиқлол, ки ҳоло ҳам ороишоти солинавиаш хеле зебост.

1/3

Манзараҳои зебо дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ)-и шаҳри Душанбе.

1/5

Майдончаҳои бозии кӯдакон низ зери барф монданд.

1/3

Лекин кӯдакон парвое надошта, ба бозиҳои худ саргарманд.

1/3

Аммо табъи моликони автомашинаҳо дар чунин вазъи обуҳаво начандон хуш аст.

1/8

Барои осон кардани ҳаракати онҳо мошинҳои барфтозакунӣ дар шаҳр кор мекунанд. Барои пиёдагардон низ роҳравҳо тоза карда мешаванд.

1/4

Дар Хуҷанд бошад, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба роҳҳои мошингард хок мепошанд.

1/5

Вазъи дарахтон низ начандон хуб аст. Баъзе аз онҳо аз вазнинии барф қариб то замин хам шудаанд.

1/5

Дар ҳамин ҳол, дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе сарфи назар аз сармои шадид, корҳои ниҳолшинонӣ идома доранд.

1/4

Ин сурат аз Шаҳритӯс.

Шаҳритус
Сурат аз Солеҳ Турсунов

Ва боз якчанд акси дигар аз манзараҳои шабонаи пурбарфи шаҳри Душанбе.

1/4

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.