Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Кинофестивали байнулмилалии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Мумбай (Ҳиндустон) доир мегардад, намоиш дода мешавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, кинофестивал аз 27 то 31 январ баргузор мешавад.
Филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов ба барномаи озмун дохил карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ин филмҳо дар чанде аз ҷашнвораҳои байнулмилалӣ намоиш дода шудаанд.
Гуфта мешавад, Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” ба ҳайати ҳакамони ҷашнвора шомил шудааст.
Чорабинии мазкур бо мақади барқарор намудани ҳамкориҳо байни фарҳангҳои гуногуни кишварҳои узви Созмон гузаронида мешавад.
Филмҳое, ки дар ҷашнвора намоиш дода мешаванд, ба шахсони алоқаманд ба кино имкон медиҳанд, ки бо фарҳангу тамаддунҳои гуногун ошноӣ пайдо кунанд.
Дар қисмати озмуни ҷашнвора ҳашт филм аз кишварҳои узви СҲШ ва дар қисмати берун аз озмун филмҳо барои дӯстдорони кино ба намоиш гузошта мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки айни замон давлатҳои зерин узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон.
Се кишвар - Афғонистон, Беларус ва Муғулистон ба сифати нозирони созмон дониста мешаванд.
Боз 14 кишвар: Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Шри-Ланка, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Бахрайн, Кувейт, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия шарикони муколама маҳсуб меёбанд.