Сафорати Тоҷикистон дар Туркия оид ба тоҷикони аз заминларза осебдида дар ин кишвар маълумот дод.
Аз ҷумла намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба дархости хаттии “Азия-Плюс” посух дод, ки як зани шаҳрванди Тоҷикистон аз сараш осеб дидааст.
“Зан дар Газиантеппа зиндагӣ мекард. Бар асари заминларза аз сараш осеб дида, ба Анқара интиқол дода шуд. Айни замон ӯ худро хуб ҳис карда, назди хешовандони шавҳараш - шаҳрванди Туркия қарор дорад. Кормандони мо ба аёдати ӯ рафта, ёрӣ расониданд”, - гуфтанд дар сафорат.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти сафорат, манзили чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Малатя иқомат доштанд, осеб дидааст.
“Дар робита ба он, ки Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Туркия ворид нашудан ба хонаҳои осебдидаро тавсия дод, мушкили шабгузаронӣ пеш омад. Дар ин бора шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафорат хабар доданд, - омадааст дар посух. - Баъдан тасмим гирифта шуд, ки онҳо ҳамроҳи дигар шаҳрвандони Туркия ба урдугоҳҳои хаймаҳо кӯчонида шаванд, ки дар он ҷо бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин мешаванд”.
Дар сафорат хабар доданд, ки бархе аз тоҷикистониён дар Малатя хоҳиш кардаанд, ки ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.
“Аммо бо сабаби набудани шиносномаҳо, ин кор ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳозир онҳо ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо машғуланд. Сипас мо барои бозгашти онҳо ба Тоҷикистон мусоидат мекунем”, - шарҳ доданд дар сафорат.
Ҳамчунин зикр шуд, ки бархе аз ҳамватанонамон мустақилона аз макони осебдида ба ҷойҳои бехавф рафтаанд. Шумори онҳо маълум нест.
Сафорат бо истинод ба мақомоти салоҳиятдори Туркия изҳор намуд, ки миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
“Намояндагии дипломатӣ бо мақомоти салоҳиятдори Туркия мудом дар робита аст”, - зикр карданд дар сафорат.
Дар ҳамин ҳол, дар посух ба дархости “Азия-Плюс” гуфта мешавад, сафорат ба тоҷикистониёни дар минтақаи офат қарордошта кумаки молиявӣ мерасонад. Диаспораи тоҷикон дар Истанбул дар ҳамдастӣ бо сафорат ҷамъоварии маблағро барои кумак ба осебдидагон, дар навбати аввал ба тоҷикистониён ташкил кардааст.
Муяясар нашуд бифаҳмем, ки ба чӣ теъдод шаҳрвандони Тоҷикистон ва чӣ қадар кумаки молиявӣ расонида шуд.
Бино ба маълумоти сафорат, дар саросари Туркия ҳудуди 10-15 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти расмии ахир, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия ба зиёда аз 37 ҳазор нафар расид.