Моҳи март бо ҳавои хушку гарм оғоз мегардад. Ҳафтаи аввали моҳ ҳарорат рӯзона аз 17 то 25 дараҷа гарм мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои аз 1 то 4 март дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест.

Ба сурати умум моҳи март ҳарорат рӯзона баъзан то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва водиҳо, баъзан дар пойтахт ҳам боришот (борон) дар назар буда, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, миқдори боришот аз меъёр каме баланд хоҳад буд.

Ба ин тариқ, давоми моҳ дар Душанбе тағйирёбии ҳарорат шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа гарм, рӯзона - аз 14-19 то 24-29 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёр баландтар (меъёр 48 мм) дар назар аст.

Ҳарорати миёнаи моҳона дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14-19 то 24-29 дараҷа гарм мешавад. Миқдори боришот дар давоми моҳ дар ҳадди меъёр хоҳад буд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона - то 23 дараҷа гарм дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат то 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат - шабона аз 7 дараҷа хунук ва рӯзона - то 15-20 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи ВМКБ дар даҳаи аввали моҳи март реҷаи ҳарорати паст пешбинӣ мешавад: рӯзона то 3-8 дараҷа хунук, шабона  - то 19-26 дараҷа хунук. Дар давраи боқимонда  ҳарорат рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.