Ба муносибати ҷашни Наврӯз Сирки давлатии Тоҷикистон барои сокинон ва меҳмонони пойтахт барномаи идона омода кард.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Сирки давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, барномаи фароғатӣ аз 21 то 27 март намоиш дода мешавад.

Нархи билетҳо вобаста ба қатору ҷойи нишаст аз 20 то 35 сомониро ташкил медиҳад. Оғози намоишҳо соати 15:00 муқаррар шудааст.

Дар барнома гимнастҳову дорбозон, ҳайвоноти ромшуда ва масхарабозон табъи тамошобинонро болида мегардонанд. Ғайр аз ин, тамошобинон низ дар озмуну викторинаҳо иштирок карда, соҳиби туҳфаҳо шуда метавонанд.

Билетҳо аллакай дар кассаҳои сирк ба фурӯш бароварда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.