Дар Душанбе аз даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин”, ки дар “Боғи Ирам” доир гардид, натиҷагирӣ карданд, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Мувофиқи арзёбии аъзои комиссияи озмун, Сайрам Саримсоқова аз ноҳияи Шоҳмансур ба зинаи аввал, Зебуннисо Асоева аз ноҳияи Фирдавсӣ - ба мақоми дуюм ва шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ - ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд.

Сурат: шаҳрдории пойтахт

Тавре ки зикр мегардад, беҳтаринҳо ба дипломҳои дараҷаи як, ду, се ва туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар иштирокчиён бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Сурат: шаҳрдории Душанбе

Кадбонуҳо дар ороиши дастархон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯришҳо ва малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулотҳои нонӣ рақобат карданд.

1/11

Қобили зикр аст, ки ғолибони озмуни шаҳрӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, ки пагоҳ соати 10:00 дар “Боғи Ирам” баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.