Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо обуҳавои абрноки тағйирёбанда, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе рӯзҳои аз 24 то 26 май ҳавои абрноки тағйирёбанда, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона ҳудуди 17-19 ва рӯзона - 29-31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои абрноки тағйирёбанда, боришоти пуршиддат, раъду барқ ва жола пешбинӣ шудааст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона - 26-31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон обуҳавои абрноки тағйирёбанда, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона ҳудуди 14-19 дараҷа ва рӯзона - 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда, бидуни боришот дар водиҳо, борнҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар назар аст. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона - 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ аз 24 то 26 май баъзан боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона - 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби вилоят шабона ҳарорат то 1-6 дараҷа поин рафта, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои истироҳат сокинони Тоҷикистонро обуҳавои софу беғубор интизор аст.

КҲФ: эҳтиёткор бошед!

Дар навбати худ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ низ аз обуҳавои номусоид дар ин рӯзҳо  ва бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, хабар медиҳад.

Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Сурат аз бойгонии КҲФ

 “Эҳтимоли омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ба истиснои шарқи ВМКБ зиёд аст”, - зикр мешавад дар хабари Кумита.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хатарзо ба соҳили махзанҳои об нараванд, ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд. 

Ҳамчунин Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, худдорӣ аз ҷамъоварии занбӯруғҳо, алафҳои доруворӣ, ҳезум, рафтан ба моҳидорӣ ва шикор ба манфиат аст. 

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Боришот ба ҳосили кишоварзӣ чӣ таъсире расонида метавонад?

Ҳавои боронӣ, ки се рӯзи оянда дар Тоҷикистон пешгӯӣ мешавад, метавонад ба табиат таъсири мусбат расонад. Пас аз ҳавои чангу ғуборолуди чанд рӯзи пеш растаниҳо аз чангу ифлосиҳо тоза шуда, нафаскашиашон осонтар мешавад.

Акси марбута
Сурат: agro.kg

Қаблан мутахассисон тавсия дода буданд, ки дарахту бутта ва растаниҳои полезиро бо тоза кардани як қабати чанг аз онҳо бишӯянд, акнун ин корро кардан лозим нест.

Намӣ ба нашъунамои зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ, картошка, сабзӣ, лаблабу ва дигар зироатҳои бехмевагӣ, ки дар ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд, халал намерасонад.

Бо вуҷуди ин, боришоти тӯлонӣ метавонад ба зироатҳои зеризаминӣ, аз қабили помидор, бодиринг ва қулфинай (клубника), эҳтимол инчунин қаламфур ва бодинҷон таъсири манфӣ расонад.

Пас аз борон одатан эҳтимоли пайдоиши ҳашароти зараррасон вуҷуд дорад, ки ҳосили ин зироатҳоро нест мекунад, бинобар ин, онҳо ба коркарди кимиёвӣ ниёз доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.