Модели тоҷик Марям Шарапова дар озмуни моделҳо дар фестивали Beauty International 2023, ки рӯзҳои 7-14 октябр дар киштии Astoria Grande доир гардид, беҳтарин дониста шуд. Дар фестивал тарроҳони маъруф, ҳунармандон ва кормандони варзидаи соҳаи мӯд, инчунин моделҳо аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

Дар тӯли 7 рӯз, ба ҷуз аз барномаи пурмуҳтавои фароғатӣ, ки аз ҷониби дастаи Astoria Grande омода шуда буд, меҳмонон дар ҷашнвораи зебоӣ, муд ва истеъдод ширкат карданд, ки дар он ҳам соҳибкасбон ва ҳам ҳаваскорон ширкат доштанд.

Киштӣ бо хатсайри Сочи-Истанбул-Амасра-Орду-Трабзон-Сочи раҳ паймуд. Финали ҷашнвора дар Истанбул баргузор шуд.

Маҷмӯаҳои худро дар озмнуи зеобӣ узви Иттифоқи эҷодии рассмони Русия ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рассомони рус дар Париж Вера Черепова, узви Ассотсиатсияи тарроҳони Аврупо ва Русия, ғолиби озмунҳои байнулмилалӣ Светлана Топалова муаррифӣ намуданд.

Дар ҳайати ҳакамон тарроҳ Маруся Зайтсева, набераи рассоми маъруф ва моделйер Вячеслав Зайтсев шомил буд.

“Сайёҳон дархост намуданд, ки чаканамро ба онҳо фурӯшам”

Ба гуфтаи Марям, барои иштирок дар фестивал ӯро ноиби президенти ширкати «World Beauty» Олга Абсалямова даъват кардааст.

Дар доираи фестивал чорабиниҳои зерин баргузор шуданд:   

- Озмуни зебоии «MISS INTERNATIONAL-2023»;

- Озмуни моделҳои «SUPER MODEL INTERNATIONAL-2023»;

- Озмуни тарроҳони «BEST DESIGNER INTERNATIONAL-2023»;

- Озмуни истеъдодҳои «BEST TALENT INTERNATIONAL-2023».

Марям ба Гран-Прӣ (Шоҳҷоиза)-и озмуни моделҳои «SUPER MODEL INTERNATIONAL-2023», гувоҳномаи мукофоти пулӣ сазовор дониста шуда, инчунин ба озмуни «Мисс Вселенная» даъватнома гирифт.

1/2

Дар Beauty International-2023 Марям маҷмӯи сарулибоси тарроҳи маъруфи тоҷик Умед Кучкалиев ва зебу ороишоти Қасри арӯсони “Шоира-Люкс”-ро муаррифӣ кард.

“Маро тарроҳ Умед Кучкалиев ва роҳбари империяи Шоира Люкс дастгирӣ карданд. Мехоҳам, ки маҳз тарроҳони мӯди худамон дар ин самт дастгирӣ шаванд, - мегӯяд Марям Шарапова. - Барои заҳмат ва кӯшишҳои онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам”.

Ба ҷуз сарулибоси тоҷикона, ӯ ҳамчунин маҷмӯаи испании «Sevillе»-ро дар озмуни тарроҳони «BEST DESIGNER INTERNATIONAL-2023» муаррифӣ намуд.

Бахусус куртаи маъруфи чакани тоҷикӣ ба ӯ ва иштиокчииёни фестивал таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Сурат аз ҷониби Марям Шарапова пешниҳод шуд

“Ростӣ, ман дар ин начандон чизе мефаҳмидам, лекин замоне, ки ҳатто аз мардон ё ҳайати ҳакамон таърифу ситоишҳо шунидам, ба ваҷд омадам! Ҳатто сайёҳон бо ман аксбардорӣ намуда, дархост мекарданд, ки чаканро ба онҳо фурӯшам”, - мегӯяд Марям.

Тавре ки Марям зикр мекунад, “ҳар як ғалаба барои ӯ дарҳои дигарро ба имкониятҳои нав боз мекунад”.

“Он инчунин ба ман имкон медиҳад, ки имконоти худро дар ҷаҳони мӯд, ҳунар ва зебоӣ кашф кунам. Зебоӣ ва услуби ман бешубҳа хушнудӣ эҳдо карда, ҷаҳонро илҳом мебахшад! Ғолибият дар озмуни зебоӣ матонат, эътимод ва омодагии манро барои дурахш бо ҷаззобиям нишон медиҳад. Ман аз дастоварди худ ифтихор мекунам ва бо ҳузур ва наҷобати худ ба ҷаҳониён илҳом мебахшам.

1/5

Аз он шодам, ки бо дигар одамони боистеъдод ва илҳомбахш ба мисли Умед Кучкалиев ва Шоира Люкс як чизи воқеан нотакрор эҷод кунам. Ҳамкорӣ ба мо кӯмак мекунад, ки уфуқҳои навро кушоем ва ғояҳои беназирро амалӣ созем”, - илова мекунад Марям.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.