Ҳукумати Олмон гуфтааст, вазъияти амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон таъмин аст ва ба ин хотир дар назар аст 12 ҳазору 539 паноҳҷӯи афғон ба кишварашон баргарданд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Вазорати умури дохилаи Олмон тахмин задааст, 5 дарсад аз 247 ҳазор муҳоҷири афғон, ки то охири сентябри 2016 ба Олмон расидаанд, бояд ин кишварро тарк кунанд. Дар ҳамин ҳол, Ҳизби чапгарои Олмон хостори ихроҷ нашудани муҳоҷирони афғон шудааст.

Бо вуҷуд, ҳукумати Олмон гуфтааст, идораи муҳоҷират ва паноҳандагӣ парвандаи ҳар паноҳҷӯро ба таври инфиродӣ мавриди баррасӣ қарор дода, мушаххас мекунад, ки ӯ дучори чӣ хатароте ҳаст ва баъдан дар бораи ихроҷи вай тасмим гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли 2016 миёни Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон дар бораи бемамониат ба ватан баргаштани афғонҳо созишнома ба имзо расид. Мутобиқи он, аз ҷониби худ Брюссел муддати 4 сол ба Кобул дар ҳаҷми 2,68 млд. евро кумак мекунад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ҳамарӯза аз беш аз 7 ҳазор нафар паноҳҷӯён аз Покистон ба Афғонисион бармегарданд. Бино ба гузориши Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳҷӯён ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират, то нимаи моҳи марти соли 2017 дар маҷмӯъ 1-1,5 млн. нафар паноҳҷӯён ба Афғонистон бармегарданд.