Президенти ИМА шаби сешанбе дар ҳузури ҳазорҳо ҷонибдораш дар шаҳри Орландои иёлати Флорида оғози маъракаи пешазинтихоботии худро расман эълом кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Доналд Трамп суханронии худро бо интиқоди расонаҳои либерал ва рӯзноманигороне оғоз кард, ки ба гуфтаи вай, "хабарҳои дурӯғ" менависанд.

Гуфта мешавад, Трамп ҳангоми эълони оғози маъракаи пешазинтихоботиияш гуфт, тими ӯ дар тӯли дувуним сол корҳоеро анҷом дод, ки ягон кас накарда буд. Ҳамчунин шароитеро дошт, ки ягон президент рӯбарӯ нашуда буд. "Ин корро боз идома медиҳем ва ваъда медиҳам, ки ҳеч гоҳ шуморо фиреб нахоҳам кард", - афзуд президенти ИМА.

​Трамп ҷонибдорони худро аз эҳтимоли пирӯзии номзади демократҳо ҳушдор дод. Ӯ гуфт, онҳо мехоҳанд, ИМА-ро маҳв кунанд. Вай бо ёдоварӣ аз таҳқиқи додситони махсус Роберт Мюллер дар робита ба эҳтимоли дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 афзуд, ки аз ҳама мавқеи шадидтарро нисбат ба Русия ӯ гирифтааст.

Трамп аз амрикоиҳо даъват кард, ки ба хотири "хотима бахшидан ба ин низоми фасодзада" 3 ноябри соли 2020 дар интихобот иштирок кунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси назарпурсие, ки созмони SSRS бо дархости CNN анҷом додааст, 54 дарсади амрикоиҳо гуфтаанд, Трамп соли 2020 бори дувум президенти ИМА интихоб хоҳад шуд.

Аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар баробари Трамп губернатори пешини иёлати Массачусетс Уильям Уэлди 73-сола низ довталаби курсии президентии ИМА аст. Аз Ҳизби демократ то ба ҳол беш аз 20 сиёсатмадор гуфтаанд, ки мехоҳанд дар интихоботи соли 2020 иштирок кунанд. Дар миёни онҳо сенатори иёлати Вермонт Берни Сандерс, муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден ва шаҳрдори кунунии Ню-Йорк Билл де Блазио низ ҳастанд.