Ба ширкатҳои хизматрасонии таксиҳо (агрегаторҳо) дар Маскав бо талаби қатъи пешниҳоди кор ба ронандагон бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ мактуб фиристода шуд. Дар ин бора Раёсати нақлиёти шаҳри Маскав хабар додааст, менависад Газета.ру.

“Нозироти маъмурии роҳи Маскав аз онҳо талаб кард, ки ба пайваст кардани ронандагон бо шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ва бидуни таҷрибаи кори идораи автомашина хотима бахшад. Қонуншиканон ҷарима шуда, ба агрегаторҳо бо талаби бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба қонуншиканӣ боис мегарданд, мактубҳо фиристода шуданд. Агар қонуншиканиҳоро бартараф насозанд, мо маҷбур мешавем, ки ба прокуратура муроҷиат кунем”, - зикр мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар ин давра нозирони Раёсат зиёда аз 1,7 ҳазор ҳодисаҳоеро, ки дар онҳо ронандагони хориҷӣ бо собиқаи кории камтар аз 3 сол аз ширкатҳои бузурги хизматрасонии такси фармоиш гиифтаанд, ошкор кардаанд.

“Ин риоя нашудани қонунгузории амалкунанда аст. Ҳамчунин ин барои мусофирон низ бехатар буда наметавонад, чунки таксиро бояд ронандаи ҳирфаӣ бо таҷрибаи кории кофӣ идора кунад”, - таъкид доштаанд дар Раёсат.

Хотиррасон шудааст, ки айни замон танҳо бо доштани шаҳодатномаи ронандагии Русия ё Қирғизистон метавон дар такси кор кард. Ҳамчунин ба кор бо шаҳодатномаҳои кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ ба сифати забони расмӣ истифода мешавад, низ иҷоза дода мешавад.

Ғайр аз ин, ронандаи такси бояд на камтар аз се сол собиқаи корӣ дошта бошад.

“Барои ҳамеша ба худ эътимод доштан дар сафарҳо, аз 1 август дар шаҳри мо низоми таҳлили фаъолият дар таксӣ ба кор медарояд. Ба ҳар як ронанда ID-и хос дода мешавад. Ин ҷиҳати маҳдуд кардани дастрасӣ ба фармоишҳои ширкатҳои хизматрасони ғайриқонунӣ имкон медиҳад”, - илова кардаанд дар Раёсат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.