Ҳаракати тундгарои “Толибон” ба шаҳрвандони Афғонистон истифода аз шабакаи иҷтимоии Tik-Tok, инчунин бозии компюетрии PlayerUnknown’s Battlegrounds (PUBG)-ро манъ кард, хабар медиҳад Фергана бо истинод ба намояндаи расмии ҳаракат Иномулло Самангонӣ.

“Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ (дар ҳукумати толибон) уҳдадор аст, ки дастрасӣ ба бозии PUBG ва замима бо номи TikTok-ро, ки насли наврас ва ҷавононро ба гумроҳӣ меандозад, қатъ кунад", - навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар Twitter.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, ба Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ дастур дода шудааст, ки аз фаъолияти шабакаҳо ва барномаҳои дорои матолиби бадахлоқона ҷилавгирӣ кунад.

Шумори аҳолии Афғонистон ҳудуди 34 млн нафарро ташкил дода, наздики 300 ҳазор нафарашон корбарони фаъолия шабакаи Tik-Tok мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, миёни ин корбарон толибон ҳам зиёд буда, онҳо наворҳои гуногун - аз наворбардории амалҳои ҷангӣ то лаҳзаҳои зиндагии ҳамарӯзаро нашр мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.