Эронро обхезии азим фаро гирифт.  Унсурҳои хашмгин дар як ҳафта ҷони ҳадди ақал 69 нафарро гирифт. Ин оморро Нажод Ҷаҳонӣ, муовини раиси Созмони изтирории Эрон гуфтааст, хабар медиҳад ТАСС.

Ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки тибқи омори ахир, маълумоте аз марги 69 нафар дар манотиқи мухталифи Эрон вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин афзуд, ки шаш нафари онҳо шаҳрвандони Ироқ мебошанд.

"45 нафари дигар бедарак шудаанд", - гуфтааст номбурда.

1/4

Тақрибан дар 2/3 ҳиссаи тамоми музофотҳои кишвар (24 аз 31) обхезӣ мушоҳида мешавад.  Дар миёни минтақаҳои аз ҳама бештар осебдида Теҳрон аст.

Бахтиёр, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон ва Чаҳормаҳал низ аз офати табиӣ осеб дидаанд.Обуҳавошиносон аз сокинон даъват кардаанд, ки аз саёҳат дар кӯҳҳо ва сайругашт дар соҳили дарёҳо худдорӣ кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.