Шарҳи рӯйдодҳои муҳими сиёсии хориҷӣ дар ҳафтаи сипаришуда, ки аз ҷумла барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ аҳаммият доранд.

Посдорони сулҳ аз дур

Яке аз рӯйдодҳои сиёсии бештар мавриди баррасӣ қарордошта ва ба иттилои ВВС “асроромез” дар ҷаҳон сафари посдоронии сулҳи ҳайати раҳбарони ҳафт кишвари Иттиҳоди Африқо ба Украина ва Русия маҳсуб меёбад.

Ин сафарро метавон гайриодӣ номид, зеро пеш аз ин кишварҳои Африқо барои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар берун аз Африқо ва гузашта аз ин, дар қаламрави Аврупо рисолатҳои сулҳҷӯёна ва миёнаравиро анҷом надода буданд.

Гуфтушуниди президент Зеленский бо сарони кишварҳои Африқо
Сурат: president.gov.ua

Дар маводи ВВС ба ду далели аслии иқдоми сулҳҷӯёнаи кишварҳои африқоӣ ишора шудааст - нахуст, таҳкими нақши онҳо дар ҷомеъаи байналмилалӣ ва созмонҳое мисли СММ, ки дар он онҳо як блоки бузурги кишварҳои сеюм ва дар ҳоли рушдро намояндагӣ мекунанд ва ҳамаи бозигарони бузурги геополитикӣ бояд нақши онҳоро ба инобат гиранд.

Аммо муҳимтарин манфиати на танҳо кишварҳои африқоӣ, балки тамоми кишварҳои рӯ ба тараққӣ низ аз он иборат аст, ки ба низоъ дар байни Русия ва Украина, ки бузургтарин тавлидкунанда ва таъминкунандагони ғалла ба бозори ҷаҳонӣ мебошанд, хотима дода шавад.

Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Уганда Ҷ.Одонго
Сурат: ВКХ Русия

Ба иттилои Лента.ру, тибқи арзёбии Вазорати кишоварзии ИМА дар моҳи марти соли 2022, ба Русия ва Украина мутаносибан 16% ва 10% тиҷорати ҷаҳонии зироати асосии ғизоӣ - гандум рост меояд (барои муқоиса: ба ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ин ҳисса 18% аст). Мутаносибан, ба гуфтаи коршиносони нашрия, тақрибан 100 кишвари ҷаҳон аз таъминоти ғалла сахт вобастагӣ доранд.

Масалан, 53 фоизи ҳаҷми умумиро ба Эритрея Русия, 47 фоизашро - Украина медиҳад. Сомалиро 43 фоиз-  Русия ва 49 фоиз -  Украина таъмин мекунанд.

Вобастагии Лубнон, Миср, Тунис ва Либия аз 50 то 75% арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҷанги Украина ва баста шудани бандарҳои Украина дар соли гузашта боиси якбора боло рафтани қимати ғалла ва нон дар ҷаҳон шуд, ки ба иқтисод ва аҳолии бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ, пеш аз ҳама Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Африқо зарба зад.

Тибқи иттилои РБК, пас аз оғози амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина, нархи гандум якбора боло рафт: дар моҳи марти соли 2022 нархи гандум дар муқоиса бо моҳи гузашта 24,5% ва дар муқоиса бо соли гузашта 71,8% боло рафт - то 486,3 доллар барои як тонна.

Моҳи март 1 тонна ҷуворимакка 335,5 доллар арзиш дошт, ки нисбат ба моҳи феврал 14,6% ва моҳи марти соли 2021 36,8% зиёд аст (мутаносибан 292,6 ва 245,2 доллар барои як тонна).

Нархи гандум дар моҳи майи соли 2022 ба авҷи худ расид: дар он моҳ нархи 1 тоннаи он то ба 522,3 доллар боло рафт.

Таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳо ва шартҳои асосии ҳифзи суботи сиёсӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ҳаводиси баҳори араб (як силсила инқилобҳои бузург ва нооромиҳои солҳои 2010-2011, ки як қатор кишварҳои минтақаро такон дод) пас аз болоравии якбораи нархи нон – ғизои аслии қишрҳои камбизоати аҳолӣ оғоз шуд.

Ба ин тартиб, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкони монеъ шудан ё коҳиши интиқоли ғаллаи Украина ва Русия ба бозори ҷаҳонӣ дар сурати идомаи ҷанг дар як ё ду соли дигар ниҳоят нигарон аст.

Баҳори соли гузашта, вақте ки миллионҳо тонна ғаллаи Украина ба далели амалиёти ҷангӣ дар бандарҳои Баҳри Сиёҳ масдуд шуда буд, бо миёнаравии фаъоли СММ ва Туркия миёни тарафҳо ба истилоҳ “созиши ғалла” ба имзо расид.

Ғалладона дар бандар
Сурат аз торнамои ritmeurasia.org

Созишномаҳо аз ду қисм иборат буданд: кафолати содироти бехатари ғаллаи Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ ва лағви маҳдудиятҳо дар роҳи дастрасии маҳсулоти кишоварзии Русия ба бозори ҷаҳонӣ. Шартнома борҳо тамдид шуда, мӯҳлати ахири муомилоти ғалла дар моҳи июли соли ҷорӣ ба поён мерасад.

Мутаносибан, аз афташ, тамдиди муҳлати ин созишномаи ғалла яке аз мақсадҳои асосии саъйю кӯшиши миёнаравии кишварҳои дуньёи сеюм мебошад, ки аз манфиатҳои онҳо дар ин маврид ҳайати вакилони Африқо намояндагӣ мекунад.

Албатта, ҳайати вакилон тарҳи сулҳи иборат аз 10 бандро ҳам овард, ки онро аввал дар Киев ва сипас дар Маскав пешниҳод кард. Аммо бовар хеле кам аст, ки ин тарҳи сулҳ аз ҷониби тарарафҳои даргир пазируфта шавад. Ҳамзамон боздид аз Маскав ва Киев ба кишварҳои миёнарав имкон медиҳад, ки имконоти тамдиди созиши ғалларо мустақиман дар сатҳи президентҳо баррасӣ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир Русия бо баҳонаи он ки гӯё ғаллаи Украина на ба кишварҳои қашшоқ, балки мамлакатҳои пешрафта интиқол меёбад, аз тамдиди муҳлати муомилоти ғалла худдорӣ мекунад.

Ба ин  тариқ, тибқи маълумоти Русия, ки РБК истинод кардааст, аз беш аз 23 млн тонна ғаллаи украинӣ, қисми асосӣ - 47% - ба кишварҳои дорои даромади баланд, пеш аз ҳама ба Иттиҳоди Аврупо ва 34% - ба кишварҳое, ки даромадашон аз миёна баланд аст, содир шудааст.

Илова бар ин, Маскав ба унвони як шарти азсаргирии муомила, пайвастани Росселхозбонк, бонки асосии аграрии давлатро ба низоми пардохти байналмилалии SWIFT-и исрор мекунад.

Талаби дуввуми Русия аз сар гирифтани кори лӯлаи аммиаки Толятти-Одесса аст, ки ҷониби Украина пас аз оғози ҷанг онро қатъ карда буд.

Эҳтимол меравад, ки созишномаи ғалла дароз карда шавад; чизи дигар он аст, ки дар шароити ҷанг бахши аграрии сахт осебдидаи Украина ба гумон аст, ки ҳаҷми пештараи истеҳсоли ғалларо нигоҳ дорад.

Илова бар ин, дар соли ҷорӣ, бино ба иттилои Интерфакс, Русия ҳамчунин содироти ғалларо ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) муваққатан манъ кард; маҳдудиятҳо аз ҷониби Қазоқистон низ ҷорӣ карда шуданд.

Ин ҳама барои кишварҳои воридкунандаи ғалла, ки аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегиранд, хабари хуш нест.

Форуми байнулмилалии иқтисодии Петербург (ПМЭФ)

Анҷумани байналмилалии иқтисодии Петербург як чорабинии солонаи тиҷоратии Русия дар бахши иқтисод аст, ки бо иштироки президенти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад.

Сурат: РИА Новости

Аудиторияи асосии форум роҳбарони ширкатҳои бузурги Русия ва хориҷӣ, сарони давлатҳо ва раҳбарони сиёсӣ, раисони ҳукуматҳо, муовинони сарвазир, вазирон, губернаторҳо мебошанд. Аз соли 2001 инҷониб дар фазои соҳибкорӣ ҳамчун як форуми асосии иқтисодӣ дар ИДМ эътироф шудааст, аз ин рӯ, рӯзноманигорон онро ҳатто «Давоси Русия» номидаанд.

Он аз 14 то 17 июни соли 2023 дар мавзӯи асосии барномаи соҳибкорӣ «Рушди соҳибихтиёрӣ асоси ҷаҳони одилона аст. Биёед, ба хотири наслҳои оянда якҷо талош кунем» баргузор шуд.

Бино ба хабари ТАСС, дар ҷараёни форум ба маблағи қариб 4 трлн рубл беш аз 900 созишнома ба имзо расид. Мушовири президенти Русия Антон Кобяков онро "як форуми ғолибон ва ниҳоди рушди миллӣ" тавсиф кард; бахусус, ки меҳмонони анҷуман дар вақти холии худ тавонистаанд 4,5 тонна яхмос, 1 тонна гелос, 400 кг қулфинай (клубника) хӯрда, 200 рақси арабиро диданд.

Ба гузориши РИА Новости, рӯйдоди аслии форуми соли 2023 суханронии Владимир Путин дар бораи иқтисоди Русия ва нақшаҳои рушди он буд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки таҳримҳо алайҳи Русия натиҷа намедиҳад, даромади нафт афзоиш ёфтааст, Киев ҷангро оғоз кардааст ва кишвар аллакай аз вобастагӣ ба нафт раҳо мешавад.

Аммо, ба назари ман, ҷолибтарин изҳороти ӯ дар ин форум ба эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) дар Украина дахл дорад - масъалае, ки бештар ҷомеъаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

Дар ин робита Владимир Путин гуфт, ки истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия аз лиҳози назариявӣ имконпазир аст, аммо ҳоло ин зарур нест. Дар баробари ин, чуноне ки ӯ гуфт, аввалин зарядҳои ҳастаӣ аллакай ба хоки Беларус оварда шудаанд.

Владаимир Путин инчунин гуфт, агар маъмурияти дигари президенти ИМА мебуд (эҳтимол ин ҷо ҷумҳурихоҳон ва Доналд Трамп дар назаранд – муаллиф), он гоҳ муноқиша дар Украина метавонист тибқи нақшаи сулҳомез сурат бигирад. Аммо  ин чандон боварибахш ба назар намерасад, зеро дар вақташ маҳз дар замони Трамп интиқоли силоҳи марговар ба Украина оғоз шуда буд.

Владимир Путин дар Форуми байнулмилалии иқтисодии Петербург
Сурат: РИА Новости

Ба сурати умум, президенти Русия зимни суханронӣ ба забони дипломатӣ пойбанд набуд ва дар изҳорот шарм намедошт.

Аз ҷумла, Владимир Путин бо ишора ба президенти Украина Владимир Зеленский изҳор дошт, ки  “ӯ яҳудӣ нест, балки шарму нанги мардуми яҳудист”. Дар ин маврид ӯ ба ақидаи дӯстони асроромези яҳудиаш, ки ҳеҷ гоҳ номашонро зикр накардааст, ишора кард.

Чунин изҳорот, ба иттилои Радиои Озодӣ, дар Исроил интиқоди шадидеро ба бор овард, ки зоҳиран бисёриҳо аз ҳарду ҷиҳат бо президенти Русия розӣ нестанд.

Дуюмин изҳороти ғайриодии Владимир Путин дар форум, ба навиштаи “Московский комсомолетс”, ибораи “интизор нашавед” (хрен вам) буда, ба мухолифони геополитикии ӯ, ки бо кадом сабабҳо интизори коҳиши силоҳи ҳастаии Русия ҳастанд, нигаронида шудааст.

Маълум аст, ки ин ибораи халқии душвортарҷума ба забонҳои дигар ҷомеаи ҷаҳонро хеле нигарон кард (ба мисли ваъдаи Хрущев ба ҳамин ҷомеа - нишон додани “кузкина мат”).

Дар натиҷа худи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл маҷбур шуд, ба раванди тарҷума дахолат кунад. Ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон дод, ки ибораи “хрен вам” маънои онро надорад, ки “Маскав мухолифи муколама бо Вашингтон аст”. Песков шарҳ дод, ки баръакс, "Русия ба гуфтушунид омода аст".

Ба иттилои ТАСС, технологияҳои баланд ва коркардҳои нав дар соҳаҳои гуногун ҷузъи ҷудонашавандаи форум гардиданд. Навоварии Ҳизби либералӣ-демократии Русия, ҳизби Владимир Жириновский, ки моҳи феврали соли гузашта вафот кард, бештар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба навиштаи газетаи «Союзное вече», ҳамсафони ӯ «шогирди рақам»-и Жириновскийро таҳия кардаанд. Ин чизе монанди "Алисаи рақамӣ" аст, ки дар он ҳама изҳорот ва иқтибосҳо аз Жириновский гузошта шудаанд. Тавре раҳбари кунунии ҳизб Слутский гуфтааст, "Кибержириновский ба зудӣ ҷиҳати посух ба маҷмӯи васеи масоил омода хоҳад шуд".

Аз афташ, на ҳама чиз тавре ки Слутский мехост, пеш меравад; Тавре ки яке аз блогерони рус менависад, КиберЖириновский, "ҳангоми муаррифӣ дар форум ба саволи" Мо бо Украина чӣ кор кунем ", чунин посух додааст:

"Украина як ботлоқи сиёсиест, ки пур аз хоинҳо ва русбадбинҳост. Мо бояд ғизо додан ба ин кишварро бас кунем, сарҳадҳоро бандем ва онро фаромӯш кунем. Бигзор худашон бо мушкилоташон машғул шаванд”. Тамоман бо рӯҳияи Жириновский ва на он қадр дар чаҳорчӯби сиёсати кунунии ҳизб.

Ҷолиб аст, ки КиберЖириновский ба ҳамин савол дар бораи Осиёи Марказӣ чӣ посух медод; замоне ӯ аз изҳороташ доир ба минтақаи мо шарм намедошт.

Вай аз ҷумла, дар соли 2021 гуфт, ташдиди авзоъ дар Афғонистон метавонад сабаби пайвастани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия гардад.

Ба ақидаи Жириновский, нуқтаи ниҳоии ин тарҳ бояд таъсиси вилоятҳои Душанбе, Бишкек, Тошканд, Ишқобод ва Чимкент дар ҳайати Русия бошад - бидуни ҷумҳуриҳо ва президентҳо.

Бо вуҷуди ин, умеде ҳаст, ки КиберЖириновский аз прототипи худ, агар донотар набошад, ҳадди аққал дипломатитар хоҳад буд.

Трамп боз назди додгоҳ ҷавоб мегӯяд

Ҳафтаи гузашта боз яке аз воқеаҳои асосӣ интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар ИМА буд, ки аз натиҷаи он бисьёр чизҳо муайян мешаванд - на танҳо барои худи кишвар, балки барои тамоми ҷаҳон.

Трамп дар додгоҳ
Кадр аз навори видео

Ба гузориши Радиои Озодӣ, рӯзи 13 июн Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, расман боздошт ва ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии асноди махфии давлатӣ назди додрас ҳозир шуд. Бори аввал дар таърихи Иёлоти Муттаҳида, ба президенти пешин аз ҷониби додситонии федералӣ айбномаи иборат аз 38 банд пешниҳод шуд.

Аз ҷумла, дар асноди махфӣ дар бораи барномаи ҳастаии ИМА, заъфҳои эҳтимолии тавонмандии дифоъии ИМА ва муттаҳидони он, нақшаҳои зарбаҳои ҷавобӣ дар посухи ҳамла ба ИМА сухан меравад.

Гузашта аз ин, мумкин аст, ки дар моҳҳои наздик дар ду парвандаи дигар алайҳи Трамп иттиҳомот эълон шавад.

Дар Ҷорҷия парванда дар бораи талоши эҳтимолии Трамп барои таъсир расонидан ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва дар Вашингтон - парванда дар бораи даст доштани ӯ дар ҳодисаҳои 6 январи соли 2021, вақте ки ҷонибдоронаш ҳангоми ҳамла ба бинои Конгресси ИМА ворид шуданд, тафтиш мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳатто агар Доналд Трамп муҷозот шавад, аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ин монеи ширкати ӯ дар интихоботи президентӣ нахоҳад шуд. Дар Иёлоти Муттаҳида қонуне вуҷуд надорад, ки пешбарии шахсеро, ки дар маҳбас ё таҳти айбнома қарор дорад, манъ кунад.

Ҷонибдорони президенти пешин дар назди бинои додгоҳ ҷамъ омаданд
Сурат: DREW ANGERER

Дар ҳоли ҳозир Трамп аз номзадҳои ҷумҳурихоҳ пешсаф аст. Гуфта мешавад, ӯ аз губернатори Флорида Рон Десантис пеш гузаштааст; тибқи назарсанҷиҳои охирини CNN, Трампро 53% ва Десантисро 26%-и ҷумҳурихоҳони пурсидашуда дастгирӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, ба эҳтимоли зиёд, агар ягон чизи фавқулодда рух надиҳад, маҳз Доналд Трамп рақиби аслии демократ Ҷо Байден дар интихоботи ояндаи президентӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма дар бораи он, ки эҳтимоли ба қудрат расидани Доналд Трамп ба сиёсати хориҷии ИМА, пеш аз ҳама дар робита ба муноқишаи Русияву Украина ва кишварҳои пасошӯравӣ чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт, шарҳҳо ва матолиби зиёде пайдо шуданд.

Бахусус дар миёни ба истилоҳ “ҷомеъаи ватандӯст”-и Русия доир ба омадани Трамп ба маънои поёни кумак ба Украина ва аз ин рӯ, пирӯзии наздики Русия дар ҷанг пешгӯиҳои зиёд вуҷуд доранд.

Ҳамчунин пешниҳодҳои зиёде мавҷуданд, ки Трамп фонд ва маблағҳоро барои эҳтиёҷоти башардӯстона, дастгирии кишварҳои ҷаҳони сеюм ва ғайра коҳиш медиҳад.

Аммо, ба хотир меорем, ки дар остонаи интихоботи президентии соли 2016 низ ҳамин гуна пешгӯиҳо садо дода буданд ва Трамп дар он бори аввал ғайричашмдошт пирӯз шуд.

Дар он рӯзҳо вакилони Думаи Русия пур аз интизориҳои некбинона буданд ва Владимир Жириновский ҳатто дар бинои порлумони Русия ба ифтихори пирӯзии президенти нави Амрико зиёфати калон ороста буд.

Аммо дар пайи ин ихроҷи 60 дипломати рус аз Амрико (бо вуҷуди он ки Обама қабл аз рафтанаш ҳамагӣ 35 дипломати русро ихроҷ карда буд) ва баста шудани консулгарии генералии Русия дар Сиэтл (Вашингтон) сурат гирифт.

Доналд Трамп ва Барак Обама
Сурат: AFP

Илова бар ин, ба навиштаи “Мавҷи Олмон”, маҳз Трамп интиқоли силоҳи марговарро ба Украина, аз ҷумла мушакҳои машҳури зиддитанкии Ҷавелин (ки маъмурияти Обама барои муддати тӯлонӣ иҷозат надода буд)-ро оғоз кард ва инчунин амали лӯлаи гази содиротии Русия "Ҷараёни шимолӣ-2” (Северный поток-2)-ро боздошт.

Доналд Трамп хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистонро суръат бахшид, аммо онҳо ҳанӯз аз замони Обама бо Толибон робитаро оғоз намуданд ва хуруҷи нерӯҳо мустақиман таҳти раҳбарии демократ Байден сурат гирифт.

Тадриҷан кам кардани маблағҳо барои эҳтиёҷоти кишварҳои дар ҳоли рушд (инчунин хароҷоти беруна) тамоюли умумии ҳамаи маъмуриятҳои Амрико дар даҳсолаҳои ахир, чи демократҳо ва чи ҷумҳурихоҳон мебошад. Аз ин рӯ, ба назари ман, пирӯзии Трамп ин дафъа ҳам дар сиёсати хориҷии Амрико тағйироти куллӣ нахоҳад овард.

Гап сари он аст, ки низоми сиёсии ИМА дар асоси тавозуни устувори назорат ва мувозина сохта шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар се шохаи ҳокимият (қонунгузорӣ, судӣ ва иҷроия) аз ҳамдигар вобаста буда, дар айни замон фаъолияти ҳамдигарро назорат мекунанд.

Дар ин низом салоҳияти президент маҳдуд аст, ҳама гуна тағйири сиёсатро ӯ бояд бо ҳамаи марказҳои ҳокимият мувофиқа созад ва ҳангоми қабули қарор созиши аллакай ҳосилшуда ва самти сиёсати берунию дохилиро ба назар гирад.

Дар ИМА элитаҳои сиёсӣ ва сохторҳо дидгоҳи худро дар бораи вазъи ҷаҳон аллакай ташаккул додаанд ва пуштибонӣ аз Украина, муносибат ба Русия ва Чин дар замони ҳама президентҳо бетағйир боқӣ хоҳад монд. Ягона чизе, ки метавонад тағир ёбад, ин аст, ки дар замони ҷумҳурихоҳон хароҷот барои кӯмаки ҳарбӣ ё иқтисодии беруна таҳти назорати сахттар гирифта мешавад, дар ҷое коҳишу дар ҷойи дигар афзоиш хоҳад ёфт, аммо тамоюли умумии нигоҳ доштани Украина ва Чин (аз ҷумла дар Осиёи Миёна) бетағйир мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.