Пас аз аз баршумурдани 95%-и протоколи варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нахуствазири ин кишвар Алмосбек Отамбоев пешсаф аст.

Бино ба гуфтаи роҳбари Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон Туйғуналӣ Абдураҳимов, айни замон ба Кумитаи марказии интихобот 95,4%-и протоколҳои варақаҳои овоздиҳӣ ворид гардида, аз рӯйи натоиҷи он 62,88% ба ҷонибдории Алмосбек Отамбоев, 14,9% ба тарафдории Адахон Мадумаров ва 14, 43%  ба ҷонибдории Қамчибек Ташиев раъй додаанд.

Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихоботи президенти Қирғизистон ба даст овардани беш аз 50%-и раъйи интихобкунандагон зарур аст.

«Даври дуюми интихоботи президентӣ дар Қирғизистон баргузор намешавад. Отамбоев аз нисф хеле бештар раъйи интихобкунандагонро ба даст овард ва метавон гуфт, ки ӯ аллакай дар даври аввал пирӯзӣ ба даст овард», - иттилоъ медиҳад ИТАР-ТАСС бо такя ба гуфтаҳои Туйғуналӣ Абдураҳимов.

Раиси Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон ҳамчунин зикр кардааст, ки дар чанде аз қитъаҳои интихоботӣ кӯшишҳои ба миқдори зиёд якбора ба қуттиҳои овоздиҳӣ партофтани баргаҳо ба қайд гирифта шудааст. «Ин қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шуда, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ин қитъаҳо яқинан бекор карда мешаванд», - изҳор доштааст ӯ.

Айни замон роҳбари давлати Қирғизистон президенти давраи гузариш Роза Отунбоева мебошад, ки ваколатҳои ӯ 31-уми декабри соли 2011 ба анҷом мерасанд ва ӯ бори дуюм ба ин мансаб довталабӣ карда наметавонад. Мутобиқи конститутсияи нави Қирғизистон, ки соли гузашта пас аз табаддулоти давлатӣ қабул шуд, президенти Қирғизистон ба муддати 6 сол ва танҳо ба як мӯҳлат интихоб мегардад.