Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Олойи вилояти Оши кишвари ҳамҷавори Қирғизистон ду нафар шаҳрвандони тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, чанде қабл дар километри 106-уми роҳи мошингарди Ош-Эркештам автомашинаи УАЗ-31512 бо шаш нафар мусофир чаппа шудааст.

Бар асари садама шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ Амирбек Орунбаеви 55-сола ва ронанда Рисмат Ҷумъабоеви 25-сола ба ҳалокат расидаанд.

Чор нафар мусофирони боқимондаи автомашина бо шумули кӯдакон, ки ҳама сокинони ноҳияи Мурғоб мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони Ош мунтақил шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, автомашинаи мазкур бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба самти шаҳри Ош раҳсипор будааст. Дар километри 106-ум ронанда аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашина ба канори роҳ мебарояд ва чаппа мешавад. Айни замон мақомоти дахлдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Олой сабаб ва ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиётро мавриди таҳқиқ қарор додааст.