Субҳи имрӯз дар деҳаи Тамғаи минтақаи шимоли Қирғизистон бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «24.kg», авзоъ дар ин минтақа дар пайи чанд рӯз қабл роҳ ба самти кони тилои бузурги Қумторро бастан аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ба амал омада, онҳо раҳоии чанде аз ҳамдиёронашонро тақозо намудаанд. Сокинони маҳаллӣ қатъи қарордоди истифодаи кон бо ширкати Centerra Gold Inc ва иҷрои чанде аз талабҳои сокинон аз ҷониби ин ширкат, аз ҷумла таъмири роҳ, сохтмони бемористон, пешниҳоди қарз ба аҳолӣ ва ғайраро талаб кардаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки бар асари ин бетартибиҳо 15 нафар осеб дида, дар макони ҳодиса пойгоҳҳои сайёри ёрии таъҷилии тиббӣ амал мекунанд.

Бино ба маълумоти бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ », раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар пайи ташаннуҷи вазъ дар ноҳияи Жетиоғуз вазъи изтирорӣ ҷорӣ кардааст. Отамбоев гуфтааст, эътирозҳо дар Қумтор метавонад ба иқтисоди кишвар то 6 миллиард сом зиён биорад.

K-News хабар медиҳад, ки тибқи иттилои ахир, тазоҳургарон изҳор намудаанд, ки гӯё ҳукуматдорон талабҳояшонро қонеъ намуда, қариб ҳамаи боздоштшудагонро раҳо кардаанд.

Тибқи иттилои чанде аз ВАО-и Қирғизистон, дар ҳодисаи сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар шимоли Қирғизистон, ҳизби фаъолияташ дар ин кишвар мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» метавонад даст дошта бошад.

Рӯзномаи «Вечерний Бишкек» менависад, чанд рӯз пеш дар шабакаи Интернет филми иғвогаронаи мустанади «Қумтор» интишор гардид, ки дар он аз ба ихтиёри мардум вогузор намудани кони тилои «Қумтор» сухан меравад.

«Моро маҷбур сохтанд, ки кони Қумтор бояд аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ коркард шавад, ҳарчанд ин кор аз дасти худи мо ҳам меояд. Ҳарчанд ҳукумат медонист, ки ин амал ба нафъи Қирғизистон нест, вале мансбдорон фоидаи онро байни худ тақсим мекунанд», - зикр мегардад дар филм.

Муаллифони филм даъват мекунанд, ки тамоми даромад аз кон на миёни мансабдорону сармоягузорони хусусӣ, балки дар байни мардум тақсим карда шавад.