Порлумони Туркманистон Конститутсияи навро қабул кард, ки маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентро аз байн бурда, муҳлати раёсати ҷумҳуриро аз панҷ то ҳафт сол дароз кардааст.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ҳарчанд мақомоти Туркманистон далели ин тағйирот, бахсус бахши вобаста ба синни номзад ва муҳлати раёсати ҷумҳуриро рӯшан баён накардаанд, вале тахмин меравад, ин тағйирот роҳи минбаъдаи раиси ҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои боқӣ мондан дар қудрат ҳамвортар хоҳад кард. Қонуни нав баъди имзо шудан аз тарафи Бердимуҳаммадов рӯзи 14 сентябр ба иҷро даромад.

Бар асоси Конститутсияи пешинаи Туркманистон, ки соли 2008 қабул шудааст, афроди аз 70-сола боло ҳаққи интихоб шудан ба мақоми президенти ин кишварро надоштанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар гузашта дар мақомҳои муовини раиси ҳукумат ва вазири беҳдошт кор кардааст. Баъди эълони марги Ниёзов маҳз Бердимуҳаммадов раҳбарии маросими дафни президенти аввалро ба ӯҳда дошт.