Ширкати TeliaCompany аз ҳукумати Амрико ва Ҳолланд пешниҳоди пардохти 1 миллиарду 400 ҳазор доллар ҷаримаро дарёфт кардааст. Ин ҷарима ба қазияи фасоди молӣ зимни вуруди ин ширкат ба бозори мухобиротии Узбакистон дар соли 2007 бармегардад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, TeliaCompany нӯҳ соли пеш бо харидани 100 дарсади саҳмияҳои Coscom ба бозори Узбакистон ворид шуд ва Вазорати адлияи Амрико гуфт, ки ин ширкат ба сохторҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, президенти собиқи ин кишвар, ба миқдори миллионҳо доллар ришва додааст.

Мари Эрлинг, масъули ширкати TeliaCompany, рӯзи 15 сентябр ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, “қаблан ҳам гуфта будам, ки вуруди ширкати Telia ба Узбакистон ягон ҷанбаи ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ надошт. Мо омодаем, ки ҳамаи масъулиятро ба ӯҳда гирем”. Ба қавли Эрлинг, вокуниши нахустин ба ин ҷарима миқдори хеле зиёди он аст. Александра Аккирман, намояндаи Telia дар АвруОсиё мегӯяд, ки ин пешниҳод ба фаъолияти онҳо дар Узбакистон таъсир нахоҳад гузошт.

Аввали моҳи сентябр ширкати Telia розӣ шуд созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications Development B.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад.