Рӯзи 4 декабр дар Ӯзбекистон маъракаи интихоботи президентӣ доир гардид. Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, ҳузури интихобкунандагон дар ин маърака беш аз 87%-ро ташкил дода, аллакай соати 11-и рӯз ин интихоботи баргузоршуда эътироф гардид, зеро дар он 33,37%-и раъйдиҳандагони сабтшуда иштирок карданд.

Эълони натиҷаҳои пешакии интихобот нимаи имрӯз дар назар буда, вале аллакай шоми дирӯз дар ситоди номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки баъди марги Ислом Каримов иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар аст, ба ҷашни пирӯзии номзадашон шурӯъ кардааанд.

«Ҷараёни воридшавии маълумот ба ситод идома дорад ва доир ба натиҷаҳои пешакӣ гуфта метавонем, ки мо ғалаба кардем», - овардааст гуфтаҳои муовини раиси Ҳизби либералӣ-декмократии Ӯзбекистон Дилшод Шоумаровро хабаргузории ТАСС.

Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, муовини дигари раиси ин ҳизб Мухлисахон Акрамова изҳор доштааст, ки онҳо ба ғалабаи бузург умедворанд: тибқи маълумоти онҳо, номзади ҳизб на камтар аз 80%-и овозҳоро касб хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ба муносибати пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ дар ситоди ҳизб аллакай торт ҳам омода гардидааст.