Мақомоти пулиси шаҳри Маскави Русия хабарнигори ғайриштатии нашрияи "Новая газета" Худобердӣ Нурматовро боздошт кард, ки бо имзои Алӣ Фирӯз мавод таҳия мекард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Дмитрий Муратов, сармуҳаррири нашрияи "Новая газета" нақл кардааст, ки Нурматов бо дархости мақомоти ӯзбек боздошт шудааст.

"Вай аз сӯи пулис боздошт шуд, аммо на бо ташаббуси худи пулис. Мақомоти махсуси Ӯзбекистон нисбати Нурматов даъво доштанд. Худи Нурматов иҷборан аз кишвараш фирор карда буд. Вай борҳо барои дарёфти ҳаққи истиқомати муваққат ба хадамоти муҳоҷирати Русия ариза дода буд", - иброз доштааст Муратов.

Гуфта мешавад, Надежда Прусенкова, сухангӯи нашрия тасдиқ намудааст, ки рӯзноманигори ӯзбек бо "ҳуҷҷатҳояш мушкил дошта, аз Русия паноҳандагӣ дархост карда будааст, аммо ҷавоби рад гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сармуҳаррири нашрия изҳор доштааст, ки барои пешгирӣ аз истирдоди Нурматов ба Ӯзбекистон вакили дифоъ киро кардаанд.