Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон як гурӯҳ аз фаъолони маданӣ ва шаҳрвандон зидди буридани дарахтҳо дар кӯчаи Токтоналиеви ин шаҳр даст ба тазоҳурот заданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, фаъолон дар роҳ нишаста, аз шаҳрдории Бишкек талаб карданд, ки буридани дарахтонро қатъ кунад. Ба гуфтаи онҳо, ин амали шаҳрдорӣ барои васеътар кардани роҳҳо ғайриқонунӣ буда, ба муҳити зист осеб мерасонад.

Шаҳрвандон аз шаҳрдори пойтахти Қирғизистон Албек Ибраимов даъват карданд, ки ба маҳалли буридани дарахтҳо омада, зарурати ин иқдоми худро шарҳ диҳад.

Кормандони пулис аз эътирозгарон хостанд, ки роҳро холӣ кунанд, вале онҳо рад карданд. Дар натиҷа 10 тани онҳо боздошт ва ба шуъбаи умури дохилии Якуми майи пойтахти Қирғизистон интиқол дода шуданд.

Сокинони маҳаллӣ шикоят доранд, ки пулис ба ҷои ҳимоят аз мардум, ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад. "Мардуму муҳити зистро фикр кунед. Бе ин ҳам дар шаҳр кабудизор намондааст", - гуфт яке аз сокинони Бишкек.

Муовини шаҳрдори Бишкек Боқид Дюшембиев, ки дар маҳалли тазоҳурот ҳузур дошт, дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, бунёди ин роҳ ҳоло хеле зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, миёни хиёбонҳои "Мир" ва "Советский"-и Бишкек бояд роҳе боз карда шавад, чун онҳо хеле сермошинанд.

"Барои бунёди ин роҳ танҳо 143 дарахт бурида мешавад, ки ба ҷои онҳо дарахтони нав хоҳем шинонд", - изҳор дошт Дюшембиев.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.