Албоми таронаҳои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамоев бо номи "Ба рағми тақдир" ба фурӯши озод гузошта шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши як фитта ё диск 300 рубли русӣ (муодили тақрибан 45 сомонӣ) муқаррар шуда, онро мешавад аз сомонаи расмии ширкати "Мелодия", ки ин ширкат бори аввал фиттаи иборат аз 10 таронаи президенти Қирғизистонро бо забони русӣ нашр кард, харидорӣ намуд.

Муқоваи албоми "Ба рағми тақдир"

Гуфта мешавад, Алмосбек Отамбоев, ки рӯзҳои охир дар Москва ҳузур дорад, дар мулоқот бо қирғизистониҳо фиттаи таронаҳояшро ҳадя кардааст. Вай гуфт, ширкати "Мелодия" бо ташаббуси худ фиттаи таронаҳои ӯро нашр кардааст.

Миёни таронаҳои фитта сурудҳои "Ман бе ту наметавонам зист", "Ман аз марг наметарсам", "Чудак", "Рита", "Тарона дар васфи Соли куҳан (31 декабр)" ҳастанд. Алмосбек Отамбоев на танҳо муаллифи оҳанг, балки муаллифи шеърҳои бархе аз таронаҳояш низ ҳаст.

Сомонаи расмии ширкати "Мелодия" хабар медиҳад, фиттаи таронаҳои Отамбоевро афроди расмии Русия, ки миёнашон вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров, мудири "Роснефт" Игор Сечин, раиси бахши "Газпром" Алексей Миллер, инчунин муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов ва дигарон ҳастанд, дарёфт кардаанд.