Фаъолзанони шаҳри Бишкек таҳти унвони «Либоспӯширо ба мо ёд надиҳед» назди масҷиди асосии шаҳр аксия доир намуданд.

Бино ба иттилои Радиои "Азаттык", ин иқдом ба хотири мухолифта ба манъи гаштугузор назди масҷид бо сарулибоси кӯтоҳ сурат гирифтааст.

Иштирокчиёни аксия гуфтаанд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ибрози андешаи ҳуқуқи шаҳрвандон доир ба мустақилона интихоб кардани сарулибос ва хотиррасон кардани кишвари дунявӣ будани Қирғизистон мебошад. Ба қавли онҳо, ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад, ки ба духтарони қирғиз чӣ гуна сарулибос ба бар карданро талқин кунад.

Рӯзи 5 июл зимни вохӯрӣ бо хатмкунандагони беҳтарини мактабҳо президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев «дидаву дониста фарқ нагузоштан байни имон ба Худо ва фарҳанги арабӣ ё покистонӣ»-ро мушкилоти ҷиддӣ номид.

Дастандаркорони иқдоми мазкур қайд кардаанд, ки барои пӯшидани сарулибоси кӯтоҳ мавриди таънаву кирдори дағал қарор гирифтаанд. Ин чорабинии тарафдорони риояи ҳуқуқи занон (феминисткаҳо) оромона баргузор шудааст.