Ҳукумати Ӯзбекистон ба сокинони вилоятҳо, шаҳрвандони хориҷию афроди бешаҳрвандӣ расман иҷозат дод, ки дар пойтахти ин кишвар хона харанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи қарори мазкур, сокинони вилоятҳои Ӯзбекистон, ки дар сохтмонҳои нави шаҳри Тошканд бо 2500 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал хона мехаранд, ҳаққи будубоши расмиро дар пойтахти ин кишвар пайдо хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие, ки иҷозатномаи будубош дар Тошканд ё вилояти Тошкандро доранд, метавонанд ба маблағи на камтар аз 150 ҳазор доллари ИМА дар сохтмонҳои нави пойтахти Ӯзбекистон хона харанд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми масъалаҳои молии марбут ба қарордоди хариду фурӯши манзил бояд ба воситаи бонк сурат гирад. Ба сохтмонҳои нав бино ва иншооте шомил мешаванд, ки аз замони баҳрабардорияшон на бештар аз се сол сипарӣ шудааст.