Ба ҳолати санаи 30 июл аллакай 51 нафар изҳор доштаанд, ки дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нияти иштирок краданро доранд. Дар ин бора Аззатик хабар медиҳад.

Маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон санаи 15 октябр доир мегардад. Хоҳишмандони довталабӣ кардан ба ин курсӣ то 1 август дархостҳои худро пешниҳод карда метавонанд. Рӯйхати ниҳоии номзадҳоро Комиссияи марказии интихобот 10 сентябр мунташир мекунад.

Президенти ҳозираи Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ин мансабро тарк мекунад, зеро мувофиқи конститутсия президенти Қирғизистон танҳо барои як муҳлати интихоб мешавад.

Ислоҳоти конститутсионӣ ваколатҳои нахуствазири Қирғизистонро тақвият бахшида, ваколатҳои президентро маҳдуд кард.