Нуралӣ Алиев, набераи калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев президенти Федератсияи кӯҳнавардон ва варзиши кӯҳнавардӣ интихоб шуд. Алиев дар гузашта муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева - духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки аз моҳи декабри соли 2014 то марти 2016 муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2016 номи Алиеви 32-сола дар "бойгонии Панама" - нашри иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкии сиёсатмадорон ва тоҷирон дар офшор, пайдо шуд. Дар бархе аз кишварҳо нашри ин иттилоъ боиси ҷанҷолҳо ва истеъфоҳо шуд.

Дар Қазоқистон иттилои мазкур ҳеч сару садое барпо накард. Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки аз рӯи ин қазия таҳқиқро оғоз накардааст, зеро "далелҳои муътамаде дар бораи манбаи иттилои мазкур вуҷуд надоранд".