Духтари калонии собиқ президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова дар VIP-ҳуҷраи тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и Хадамоти амнияти миллӣ Ӯзбекистон қарор дорад. Дар ин бора ВАО хабар медиҳанд.

Сардабири «Фергана» Даниил Кислов дар Facebook изҳор доштааст, ки Гулнора Каримова дар ошёнаи сеюми тавқифгоҳи тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ, дар бино барои VIP-шахсон қарор дорад, менависад Вести.UZ.

Нашрия зикр мекунад, ки дар доираи парвандаи ҷиноии дуюм Каримова ба қаллобӣ, рӯйпӯш кардани асъори хориҷӣ, қонуншиканиҳои гумрукӣ, риоя накардани қоидаҳои савдо ё хизматрасонӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада айбдор карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ТАСС хабар медиҳад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон далели ба ҳабс гирифтани Гулнора Каримоваро тасдиқ намуда, вале аз ифшои маълумот доир ба ммкони будубоши ӯ худдорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, рӯзи чоршанбе дар посух ба саволи хабарнигори ТАСС дар Прокуратураи генералӣ бори дигар изҳор намудаанд, ки «дар чораи ба ҳабс гирифтан ҳабси хонагӣ пешбинӣ намешавад».

Дар ин ниҳод шарҳ надодаанд, ки кай ва аз ҷониби кадом суд нисбати Каримова қарори чораи ба ҳабс гирифтан қабул шудааст.