Дар Қирғизистон ҷараёни бақайдгирии хоҳишмандони номзадӣ ба курсии президенти ин кишвар ба анҷом расид.

Маъракаи интихобот санаи 15 октябр таъин шудааст. Ба Комиссияи марказии интихобот 11 нафари аз ҷониби ҳизбҳо пешбаришуда ҳуҷҷат супорида, шумори номзадҳои мустақил чор баробар зиёд ба қайд гирифта шуд.

Нашрияи «Новая газета» менависад, номзад ба ин мансаб раиси ҶДММ «Шамтриса» Руслан Ҷунусов аз имтиҳони забони қирғизӣ нагузашта, аз 59 нафари хоҳишмандони ишғоли мансаби президентӣ 11 нафарашон қаблан маҳкум ва доғи судӣ (2 нафар ҳатто ду маротиба) доранд.

Гуфта мешавад,  5 номзад - нахуствазири кунунӣ ва дастнишондаи президенти ҳозира Сооронбой Жээнбеков; пешвои фраксияи парлумонии «Ҷумҳурӣ  — Ота-Журт» Омурбек Бабанов (собиқ нахуствазир); пешвои ҳизби «Ак Шумкар» Темир Сариев (боз як собиқ нахуствазир); раиси ҳизби «Онугуу-Прогресс» Бакит Торобаев ва собиқ раиси парлумон, номзад аз ҳизби «Ота-Журт» Ахматбек Келдибеков имкони бештари пирӯзӣ дар интихоботро доранд.