Собиқ ҳамсафи президенти имрӯзаи Қирғизистон, раиси ҳизби «Ота макон» Омурбек Текебоев ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ ба иттиҳоми даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор эътиоф гардида, ба 8 соли зиндон бо мусодираи авмол маҳкум шуд, вале бо назардошти муҳлати ҳабс дар боздоштгохи муваққатӣ ва авф, муҳлати ҷазои ӯ то 4,5 сол кам шудааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, Текебоев барои гирифтани пора аз тоҷири рус Леонид Маевский дар ҳаҷми 1 миллион доллар барои кумак дар харидории ширкати мобилии MegaCom айбдор дониста шудааст

Нашрияи «Коммерсант» менависад ҳамроҳ бо Омурбек Текебоев ҳаммаслакаш, собиқ сафири Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов низ барои даст доштан дар коррупсия ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баъди эълони ҳукм тарафдорони Текебоев ба нишони эътироз садо баланд карда, вале «ӯ оромона гуфтааст, «ҳамааш хуб мешавад».