Дар Ӯзбекистон роҳбари хадамоти матбуоти президент Асадҷон Хоҷаев ва раиси Ширкати миллии радиову телевизиони ин кишвар Бобур Алихонов аз мақом барканор шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Асадҷон Хоҷаев моҳи марти соли ҷорӣ ва Хуршед Мирзоҳидов моҳи феврал ба ин мақомҳо таъйин шуда буданд.

 

Бобур Алихонов
Акс аз Gazeta.Uz

Бо истинод ба сомонаи Kun.uz гуфта мешавад, аз мақом барканор шудани ин ду мансабдор ба ҳамдигар рабт дорад.

Ба навиштаи расона, Хоҷаев ва Алихонов ба далели роҳ додан ба иштибоҳ дар пахши Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии "Таронаҳои шарқ" аз мақом барканор шудаанд. Ин ҷашнвора 25 август дар Самарқанд шурӯъ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.