Ширкати "Русгидро"-и Русия омода аст, дар робита ба неругоҳи Норони Болоӣ Қирғизистонро ба додгоҳ кашад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Николай Шулгинов, раиси ширкат дар ҳошияи Анҷумани иқтисодии Шарқ ба рӯзноманигорон дар ин робита гуфтааст, "ният дорем, як мушовири байналхалқӣ дар умури додгоҳи байналмилалӣ пайдо кунем".

Соли 2016 Қирғизистон созишномаи муштарак бо Русияро дар бораи сохтмони неругоҳи Норини Болоӣ ва Қамбарота-1 якҷониба бекор кард. Тибқи созишнома, сохтмони неругоҳҳоро ширкати "Русгидро" дар якҷоягӣ бо ширкатҳои қирғизӣ бояд анҷом медод.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев моҳи июли соли ҷорӣ гуфт, ки аз лағви созишнома бо Русия таассуф намехӯрад, зеро "ширкатҳои русӣ ният надоштанд, сохтмони силсила неругоҳҳои Норини Болоиро ба охир расонанд ва бунёди Қамбарота-1-ро оғоз кунанд".

"Русгидро" ин айбҳоро бепоя хонд. Ширкат гуфт, ки қатъиян дар доираи қонун амал мекунад ва дар сурати ба созиш нарасидан, ҳақ дорад ба додгоҳи байналхалқӣ муроҷиат ва ҷуброн талаб кунад.