Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек вакили порлумон ва додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро ба сӯистифода аз мақоми худ ҳангоми вазири адлияи ин кишвар буданаш айбдор эълом ва бо мусодираи молу мулк 5 сол зиндонӣ кард. Адои муҳлати ҷазо то ба синни 14 расидани кӯдаки маҳкумшуда ба таъхир афтод.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додситонии кулли Қирғизистон моҳи декабри соли 2016 зидди Салянова бо моддаи 304 (Сӯистифода аз мансаб)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз кард. Ӯ ба он айбдор шуд, ки соли 2010 ҳангоми вазири адлия буданаш муҳлати иҷозатномаи вакилии дифои шарики Макс Боқиев Алексей Елисеевро ғайриқонунӣ тамдид кардааст.

Худи Аида Салянова ин айбро рад карда, мегӯяд, парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи вай, он замон барои тамдид накардани иҷозатномаи Елисеев ягон далел мавҷуд набуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ 20 сентябр барои додситони кулли пешини Қирғизистон 8 соли зиндон бо мусодираи молу мулк талаб карда буд.

Аида Салянова узви ҳизби мухолифи "Ота-Макон"-и Қирғизистон аст. Додгоҳ раҳбари ин ҳизб Омурбек Текебоевро низ моҳи августи имсол дар фасодкорӣ айбдор эълом ва бо мусодираи молу мулк 8 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ҳамчунин се сол ҳаққи фаъолияти сиёсиро надорад.