Шаҳрвандони Туркия аз ин ба баъд метавонанд, раводид (виза)-и Ӯзбекистонро бидуни даъватнома дарёфт кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон, дар ин бора қарори президент Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, бар пояи қоидаи нав, муҳлати додани раводид барои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ се рӯзро ташкил медиҳад.

"Ин қарор раванди додани раводидро осон намуда, барои шаҳрвандони Туркия, ки мехоҳанд, бо сафари корӣ ё сайёҳӣ вориди Ӯзбекистон шаванд, шароити беҳтарро фароҳам хоҳад кард", - мегӯяд кумита.

Бар пояи қоидаи нав, барои шаҳрвандони Туркия, ки бо ҳадафи корӣ ба Ӯзбекистон мераванд, бе даъватнома раводиди якмоҳа дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин шаҳрвандони Туркия, ки мехоҳанд, барои сайёҳат ба Ӯзбекистон раванд, метавонанд бидуни пешниҳоди роҳхати ҷаҳонгардӣ ва даъватнома аз Кумитаи рушди сайёҳии ин кишвар раводиди якмоҳаро ба даст оранд.