Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукуматаш дастур дод, ки бо Ӯзбекистон дар мавриди бастани шартнома дар бораи тартиби назорати аслиҳа гуфтугӯ анҷом шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин дастур дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии ҳукумати Русия нашр шудааст.

"Ҳукумати Русия пешниҳоди баргузории гуфтугӯ дар мавриди бастани шартнома миёни Русия ва Ӯзбекистонро дар бораи назорат ва истифодаи бо ҳадафи силоҳи ҳарбиро бипазирад", - омадааст дар ҳуҷҷат.

Бар асоси ин дастур, ҳукумати Русия вазифадор шудааст, ки дар поёни гуфтугӯҳо дар мавриди имзои созишнома қарор қабул кунад.

Шартномаи рушди ҳамкориҳои низомиву техникӣ миёни Русия ва Ӯзбекистон 29 ноябри соли 2016 дар Москва қабул шуда буд.