Ӯзбекистон ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии сохтмони яке аз бузургтарин неругоҳҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ - нерӯгоҳи Пскем шуруъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, нерӯгоҳи нав, ки дар дарёи Пскем дар ноҳияи Бустоналиқи вилояти Тошканд бунёд мешавад, баъд аз нерӯгоҳи Чарвак дувумин нерӯгоҳи пуриқтидори Ӯзбекистон ва яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои минтақа хоҳад буд. Иқтидори вай аз 400 МВт иборат буда, солона ба ҳисоби миёна то 900 миллион киловатт/соат барқ хоҳад дод.

Гуфта мешавад, харҷи умумии лоиҳа, бино бар ҳисоби мутахассисон, то 800 миллион доллар мерасад, ки қисми зиёди онро Ӯзбекистон худ сармоягузорӣ мекунад. Ба ҷуз ин, 240 миллион доллари дигар аз бонки чинии Эксимбонк ҷудо мешавад.

"Нерӯгоҳи нав на танҳо вилояти Тошкандро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, балки барои кишвар об низ захира мекунад. Ба вижа, ин нерӯгоҳ бахши кишоварзиро бо об таъмин менамояд", - хабар додаанд мақомоти Ӯзбекистон.

Дар Ӯзбекистон бештар аз 430 дарё мавҷуд аст. Ҳамасола ин кишвар 60 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки аз ин ҳисоб 6,5 миллиардашро нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мекунанд.