Президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба вазорати молияи Ӯзбекистон дастур додааст, ки то охири соли равон ба корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар аз буҷаи давлат ду триллион сӯм (ҳудуди 250 миллион доллар) қарзи бефоиз ҷудо кунад, то маводи хоми карбогидридӣ ва маҳсулоти тайёри нафтӣ ворид созанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 600 миллиард сӯми ин маблағ бояд то охири ҳафтаи равон барои ҳалли фаврии мушкили норасоии бензин дар нуқтаҳои фурӯши Ӯзбекистон ҷудо карда шавад.

Гуфта мешавад, сар аз 15 ноябри соли равон андоз аз истифодаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ 50% коҳиш ёфтааст. Дар Ӯзбекистон пардохткунандагони ин намуди андоз шахсони ҳуқуқие ҳастанд, ки ба воситаи нуқтаҳои фурӯш газ, бензин ва сӯзишвориҳои дизелиро ба истеъмолкунандагон мерасонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Мирзиёев ҳамчунин ширкатҳоеро, ки аз хориҷ ба Ӯзбекистон маводи хоми карбогидридӣ ворид месозанд, новобаста аз шакли моликият ва ҳадафи воридоташон то 1 январи соли 2020 аз боҷи гумрукӣ озод кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар Ӯзбекистон тайи чанд рӯзи ахир нархи бензин якбора боло рафта, нархи чаканаи як литр бензини навъи АИ-80 то ба 3800 сӯм (ҳудуди 0,5 доллар) расид.