Вазорати молияи ИМА номи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар "рӯйхати Магнитский" ворид кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин рӯйхат онҳое шомил ҳастанд, ки дар поймол кардани ҳуқуқи инсон гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, Таҳқиқи парвандаи Гулнора Каримоваро мақомоти ИМА ва чанд кишвари дигари аврупоӣ аз соли 2013 шуруъ карданд. Бино бар иттилои тафтишот, Каримова барои иҷозаи фаъолият дар Ӯзбекистон аз ширкатҳои алоқаи мобилии хориҷӣ 1 миллиард доллар пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи августи соли ҷорӣ додситонии кулии Ӯзбекистон аз мақомоти Русия хостанд, ки дороиҳои Гулнора Каримоваро ҳабс кунанд. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, Гулнора Каримова тавассути ширкатҳои офшориаш маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ пайдо кардаро қонунӣ мегардонд.

Моҳи октябри соли 2013 Каримова дар Ӯзбекистон дар тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд. Чанд сол вай дар ҳабси хонагӣ буд ва моҳи августи соли 2015 додгоҳи Тошканд ӯро панҷ сол зиндонӣ кард.

Духтари президенти пешин дар саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкатҳои офшорӣ айбдор дониста шуд. Ӯзбекистон талош кард, ки дороиҳои Гулнораро дар 12 кишвар, аз ҷумла Русия ҳабс кунад.