Дар бозори Оши шаҳри Бишкек сӯхтор ба амал омад.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Фергана», хомӯш кардани сӯхтор дар зарфи 2,5 соат муяссар гардида, барои он 12 дастаи оташнишонон сафарбар шудаанд.

Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода алҳол аз осебдидагон маълумот намедиҳад, лекин «24.kg» бо истинод ба намояндаи ин Вазорат менависад, ду нафарро бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуди ғализ ба бемористон интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, оташ майдони ҳудуди 3,5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, бар асари он кӯчаҳои гирду атроф баста ва чароғакҳо кор намекардаанд.

Кормандони хадамоти оташнишонӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки сӯхтор дар натиҷаи истифодаи нодурусти гармкунакҳои барқӣ сар задааст.

Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки тоҷирон талош варзидаанд барои наҷоти бору маҳсулот худро ба оташ зананд, вале онҳоро кормандони милитсия аз ин амал боздоштаанд. Бархе аз савдогарон аз мушоҳидаи чӣ гуна ба коми оташ рафтани молу маҳсулоти худ аз ҳуш рафтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.