Соли ҷорӣ ҳар кадом муассисаи давлатии Туркманистон аз 3 то 6 кормандашро барои ширкат дар дучархасавории умумӣ сафарбар мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин кормандон вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дучарха бихаранд.

"Ҳоло дар бархе аз муассисаҳо тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи кормандон барои харидани дучарха саҳм гузоранд. Дар Туркманистон корхонаи истеҳсоли дучарха вуҷуд надорад ва ҳамаи дучархаҳои воридотӣ арзиши гарон доранд", - гуфтааст як манбаъ аз Туркманистон.

Ба иттилои ин манбаъ, кормандони давлатӣ аз тарси аз даст додани ҷои кор, иҷборан талаботи роҳбариятро иҷро мекунанд ва барои харидани дучарха саҳм мегузоранд.

"Ба кормандон гуфтанд, ки ин чорабинии байналхалқӣ аст ва бояд хушҳолӣ кунанд, ки дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд", - гуфт корманди як муассисаи давлатӣ аз шаҳри Ишқобод. Ба гуфтаи вай, дучархаҳо бояд ранги сафед дошта бошанд.

Бино бар иттилои расида, ҳукумати Туркманистон тасмим дорад, дар моҳи апрел пойгаи дучарха баргузор кунад. Дар ин чорабинӣ президент, аъзои ҳукумат, порлумон, мансабдорони зинаҳои гуногун, инчунин кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯён ширкат хоҳанд кард.