Вазири амнияти Туркманистон Давронкелдӣ Байрамов 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аз мақом барканор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гузориши телевизионҳои давлатии Туркманистон, Байрамовро барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми ифои вазифа" барканор карда, рутбаашро низ аз полковник ба майор поин бурдаанд.

Гуфта мешавад, Яйлим Бердиев, ки то ин замон вазири дифои Туркманистон буд, вазири амнияти ин кишвар таъйин гашт.

Ёдрас мешавад, ки Байрамов 30 май барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми интихоби кадрҳо" аз президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов танбеҳи сахт гирифта буд.